Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳомид Карзай ба ақибнишинӣ розӣ шуд


Намояндагони порламони Афғонистон мегӯянд, Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон розӣ шудааст, ки рӯзи чаҳоршанбе намояндагони порламонро ташвиқ кунад, то ба мухолифатҳои сиёсӣ хотима диҳанд, зеро чунин мухолифат метавонад сабаби оғози бӯҳрони Қонуни Асосӣ шавад. Шукрия Боракзай ва Гулпочо Маҷид-намояндагони порламон гуфтаанд, Карзай розӣ шудааст, ки то охири моҳи феврал интизор нашавад, балки ҳафтаи оянда иҷлоси порламони навини Афғонистон шурӯъ ба кор кунад. Ҳафтаи пеш Ҳомид Карзай гуфта буд, бояд ба додгоҳи вижа як моҳ вақт дод, то ба шикоятҳои ворида дар бораи тақаллуб дар интихоботи порламонӣ расидагиҳои худро ба поён расонад. Вале намояндагони порламон розӣ нашуданд.
XS
SM
MD
LG