Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фаронса таҳримҳои бештари зидди Эронро ташвиқ мекунад


Мишел Алио Марӣ-вазири корҳои хориҷии Фаронса пешниҳод кард, ки мумкин аст Фаронса ва муттаҳидонаш бар зидди Эрон таҳримҳои бештар ҷорӣ кунанд. Ин дар ҳолест, ки рӯзи шанбе дар музокироти ҳастаии Эрон бо 6 кишвари пешрафтаи ҷаҳон дар Истамбул Эрон ба пешниҳодҳои ҷомеаи байналмиллалӣ дар бораи қатъи ғанисозии уран розӣ нашуд ва аз мавзеъгирии худ ақибнишнӣ накард. Вазири корҳои хориҷии Фаронса гуфт:

"Бад-ин тариқ мо тасмим гирифтаем, ки роҳи ҳали дипломатиро пайдо кунем. Саранҷом ин ба Эрон бастагӣ дорад, ки роҳи музокиротро пеш бигирад. Вале мо то ҳол бархӯрди дугона дорем, яъне дар ҳоле, ки пешниҳодҳо дар бораи идомаи музокирот матраҳ аст, ҳамзамон тақвияти таҳримҳо дар назар дошта шудааст, агар пешрафт ба даст наояд".


Хонум Мишел Алио Марӣ ин нуктаро дар ҷараёни боздидаш аз Урдун иброз дошт.
XS
SM
MD
LG