Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ланс Армстронг варзиши касбиро тарк кард


Ланс Армстронг-дучархарони афсонавии ҷаҳон, ки аз вай шоҳи дучархасоаворон низ ном мебарнд, дар синни 39 солагӣ, он гуна, ки худаш гуфт, ба ширкаташ дар мусобиқоти байналмиллалӣ хотима бахшид. Вай бори охир дар мусобиқаи байналмиллалӣ, ки бо номи Саёҳати фарозу нишеб дар Австралия баргузор шуд, ширкат кард ва бад-ин тариқ бо чунин мусобиқаҳо падруд гуфт. Армстронг дар ин мусобиқа мавқеи чандон баланд ба даст наовард ва дар миёни 50 дучархасавори машҳури ҷаҳон масофаро ба поён бурд. Дар ин мусобиқа Камерон Мейер аз Австралия 6 дақиқа пеш аз Армстронг ба марра расид. Армстронг 7 бор дар мусобиқоти машҳури Tour de France пирӯзӣ ба даст овардааст ва ҳангоми мусобиқот дар тай кардани роҳҳои кӯҳистонӣ беҳамто будааст.
XS
SM
MD
LG