Пайвандҳои дастрасӣ

Кишоварзони Тунис барои тазоҳурот ба пойтахт омаданд


Имрӯз садҳо нафар кишоварзон аз минтақаи фақирнишини Тунис худро ба пойтахти ин кишвар расонданд. Онҳо дар корвоне бо номи "Корвони озодӣ" рӯзи шанбе аз шаҳраки "Мензел Бузаёне" ба роҳ баромада буданд. Нахустин қурбонии тазоҳуроти зидди Зайналобиддин-раиси ҷумҳури барканоршуда аз ҳамин минтақа буд. Раиси ҷумҳур маҷбур шуд зери фишори тазоҳуркунандагон 14-ӯми январ аз Тунис фирор кунад. Кишоварзон дар кӯчаҳои пойтахт раҳпаймоӣ анҷом доданд ва шиор медоданд, ки мардум бояд ҳукуматро сарнагун созад.
XS
SM
MD
LG