Пайвандҳои дастрасӣ

Сар аз соли 2011, онҳое, ки бидуни ташхиси давлатии диншиносӣ адабиёти мазҳабиро чоп ё ворид мекунанд, ҷаримабандӣ хоҳанд шуд.

Бар асоси ислоҳи наве, ки ба "Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ" ворид шудааст, барои истеҳсол, содир, ворид, фурӯш ва тавзеи адабиёти динӣ, агар ташхиси диншиносӣ надошта бошанд, ба шахсони воқеӣ аз 30 то 50, ба шахсони мансабдор аз 50 то 100 ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз 100 то 200 нишондиҳанда бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима муайян карда мешавад. Як нишондиҳанда баробар ба 35 сомонӣ, муодили 8 доллари амрикоист.

Вале онҳое, ки барои дуввум бор қонунро нақз мекунанд, ҷаримаи бештаре хоҳанд пардохт: шахсони воқеӣ ба андозаи аз 50 то 70, шахсони мансабдор аз 100 то 150 ва шахсони ҳуқуқӣ аз 200 то 300 нишондиҳанда бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ.

Созмонҳои динӣ ва афроди алоҳидае, ки мехоҳанд адабиёти диниро вориди кишвар кунанд ва ё ба чоп расонанд, чӣ гуна метавонанд аз ташхиси диншиносӣ гузашта, иҷозаи расмиро ба даст оранд? Ҳангоми ташхиси давлатии диншиносӣ меъёри асосӣ кадом аст?

Посухи ин суолҳоро аз Сайидбек Маҳмадуллоев, сардори бахши ташхиси диншиносӣ дар Кумитаи дини Тоҷикистон пурсидем.



Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG