Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти ҳастаии Эрон бенатиҷа анҷом ёфт


Музокироти шаш кишвари пешрафтаи ҷаҳон дар Истамбул бо Эрон роҷеъ ба барномаҳои ҳастаии ин кишвар бидуни натиҷа анҷом ёфт. Ҳар ду ҷониби музокирот якдигарро гунаҳгор карданд, ки барои пешрафти музокирот аз мавзеъгириҳои худ ақибнишинӣ накардаанд. Кэтрин Эштон-раиси сиёсати хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо мегӯяд, кишварҳои абарқудрати ҷаҳон аз музокироти дурӯзаи Истамбул бо Эрон дар бораи барномаҳои ҳастаии ин кишвар "дилсард" шудаанд. Вале вай гуфт, ки дарҳо барои даври навини музокирот бар рӯи Эрон боз хоҳад буд ва "раванди музокирот пеш хоҳад рафт, агар Эрон бихоҳад ба пешниҳодҳо посухи мусбат диҳад". Аз сӯи дигар Саид Ҷалилӣ-раиси ҳайати музокироти ҳастаии Эрон гуфт, ба ҳақи Эрон дар бораи ғанисозии уран бояд эҳтиром қоил шаванд ва ҳар гуна мувофиқа бо қудратҳои ҷаҳонӣ бояд бо назардошти ҳамин масъала ба даст ояд. Саид Ҷалилӣ низ имкони музокирот дар ояндаро истисно намедонад
XS
SM
MD
LG