Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

6 кишвари ҷаҳон аз музокира бо Эрон дилсард шуданд


Кэтрин Эштон-раиси сиёсати хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо мегӯяд, кишварҳои абарқудрати ҷаҳон аз музокироти дурӯзаи Истамбул бо Эрон дар бораи барномаҳои ҳастаии ин кишвар "дилсард" шудаанд. Вале вай гуфтааст, ки дарҳо барои даври навини музокирот бар рӯи Эрон боз хоҳад буд ва "раванди музокирот пеш хоҳад рафт, агар Эрон бихоҳад ба пешниҳодҳо посухи мусбат диҳад". Барои даври навини музокирот ҷой ва ё санае таъйин нашудааст. Хонум Эштон гуфт, пешшартҳои Эрон роҷеъ ба масъалаҳои ҳастаӣ ғайриқобили қабул аст ва шаш кишвари муҳими ҷаҳон мавзеъгирии яксони худро дар қиболи Эрон ҳифз мекунанд.
XS
SM
MD
LG