Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия мехоҳад дар эҳдоси шабакаи барқи Афғонистон саҳ бигирад


Владимир Путин-нахуствазири Русия дар мулоқот бо Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Русия гуфтааст, агар ба Русия барои эҳдоси шабакаи интиқоли барқ дар қаламрави Афғонистон иҷоза диҳанд, ин кишвар барои анҷоми ин корҳо 500 миллион доллар сармоягузорӣ хоҳад кард. Хабаргузории Интерфакс аз қавли Карзай гуфтааст, Афғонистон бештар ба маводи сӯхти Русия ниёз дорад. Ҳоло Афғонистон ба нақша гирифтааст, ки дар дар қаламрави худ дар чаҳорчӯбаи тарҳи CASA-1000 шабакаҳои барқи худро эҳдос кунад. Тавассути ин шабака барқи Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистон ва Покистон интиқол хоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG