Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду қочоқбари афғон дар марз бо Тоҷикистон кушта шудаанд


Бино ба хабари CA-NEWS, марзбонони Тоҷикистон дар задузӯрде дар марз бо Афғонистон ду нафарро аз байн бурдаанд, ки ғайриқонунӣ аз марз гузаштаанд. Аз онҳо 311 килограмм маводи мухаддир кашф шудааст. Дар ин бора дафтари матбуотии нируҳои марзбонии Тоҷикистон хабар додааст. Ин манбаъ гуфтаст, "як гурӯҳи қочоқбарон иборат аз 14 нафар талош кардаанд дар деҳаи Шогуни ноҳияи Шӯрообод муқаррароти марзиро нақз кунанд ва ба қаламрави Тоҷикистон бигзаранд. Дар даргирӣ бо онҳо ду нафар кушта, боқимондаи аъзои гурӯҳ ба Афғонистон баргаштаанд.
XS
SM
MD
LG