Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дувалйер изҳори таассуф кард, вале узр нахост


Жан Клод Дувалйер-диктатори собиқи Ҳаитӣ ба хешовандони қурбониёни режими 15-солаи худ изҳори ҳамдардӣ кард, вале барои ин кушторҳо ва шиканҷаи одамон, ки дар солҳои режими вай анҷом гирифтааст, узр нахост. Вай рӯзи ҷумъа зимни суханони худ дар шаҳри Порт-о-Принтс гуфт, мехоҳад "таассуфи амиқи худро" ба ононе, ки худро қурбонии солҳои 1971-1986 медонанд, изҳор дорад. Ин диктатори собиқи 59 сола ҳафтаи гузашта ғайримунтазира ба Ҳаитӣ баргашт. Вай мегӯяд, мехоҳад барои ваҳдати миллии аҳолии Ҳаитӣ, ки аз пайомадҳои зилзилаи харобиовари соли гузашта заҷр мекашад, кӯмак кунад.
XS
SM
MD
LG