Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

10 шӯришӣ дар шарқи Афғонистон кушта шуд


Дар диргириҳои миёни нируҳои артиш ва шӯришиён дар вилояти Хусти Афғонистон 10 шӯришӣ ба қатл расидааст. Абдулҳаким Исҳоқзиё-полиси вилоят гуфтааст, ин даргирӣ субҳи имрӯз чанд соат давом кардааст. Дар оғоз шӯришиён ба сӯи нируҳои НАТО ва гурӯҳи афғонон аз рокетандоз оташ кушодаанд. Дар оташи ҷавобӣ нируҳои НАТО 10 нафарро кушта, 12 нафарро боздошт кардаанд.
XS
SM
MD
LG