Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзи дуввуми музокироти ҳастаии Эрон шурӯъ шуд


Абулфазл Зуҳреванд-узви ҳайати музокироти Эрон ҳар гуна тасмимро рад кард, ки оё кишвараш ғанисозии уранро ба ҳолати таълиқ хоҳад даровард ё хайр. Ба таълиқ даровардани ғанисозии уран шарти калидии кишварҳои ғарбист ва Шӯрои Амнияти СММ барои саркашии Эрон аз ин кор чаҳор бор бар зидди ин кишвар таҳрим эълон кардааст. Эрон мегӯяд, барномаҳои ҳастаиаш ҳадафҳои сулҳомезро дунбол мекунад. Вале Амрико шак дорад, ки Эрон барои дастёбӣ ба аслиҳаи ҳастаиӣ талош меварзад.
XS
SM
MD
LG