Пайвандҳои дастрасӣ

Моҳи сентябр дар Амрико мурофиаи Виктор Бут шурӯъ мешавад


Қозии додгоҳи Нию Йорк гуфтааст, ки додгоҳи федеролии Амрико моҳи сентябр мурофиаи додгоҳии Виктор Бут-тоҷири аслиҳаи Русияро шурӯъ мекунад. Қозии додгоҳ Шира Шендлин рӯзи ҷумъаро барои оғози мурофиа таъйин кардааст, вале вакилони мудофеи Бут гуфтаанд, ки истирдоди Бут аз Таиланд асоси қонунӣ надошт, бинобар ин ин парванда бояд лағв шавад. Виктор Бут 43 сол дорад ва соли 2008 дар Таиланд дар ҷараёни як амалиёти нируҳои амниятии Амрико боздошт ва моҳи ноябри соли 2010 ба Амрико истирдод шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG