Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Хуҷанд аз ҳамлаи террористӣ пешгирӣ карданд


Мақомоти амниятии вилояти Суғд мегӯянд, шаби гузашта дар шаҳри Хуҷанд аз ду ҳамлаи террористӣ пешгирӣ кардаанд. Онҳо дар назди бинои раёсати корҳои дохилии Суғд ду мошини машкукеро кашф кардаанд. Маҳмадулло Асадуллоев-сухангӯи вазорати дохилии Тоҷикистон гуфт, аз дохили як мошин маводи мухаддира ба даст омадааст. Чун дари мошини дуввум боз нашудааст, онро дар оби рӯдхонаи Сир ғарқ кардаанд. Чаҳор моҳи қабл дар назди бинои идораи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи вилоят ҳамин гуна мошини бамгузоришуда мунфаҷир шуд ва дар ин ҳодиса 4 нафар ба қатл расиданд.
XS
SM
MD
LG