Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзи дуввуми музокироти ҳастӣ бо Эрон дар Истамбул


Интизор меравад, ки имрӯз дар Истамбули Туркия музокироти Эрон роҷеъ ба барномаҳои ҳастаиаш бо шаш кишвари муҳими ҷаҳон аз сар гирифта шавад. Бино ба гузоришҳо, дар рӯзи аввали музокирот каме пешрафт ба даст омадааст. Ҳар ду ҷониби музокирот то ҳол мавзеъгирии худро ҳифз кардаанд. Абулфазл Зуҳреванд-узви ҳайати музокироти Эрон ҳар гуна тасмимро рад кард, ки оё кишвараш ғанисозии уранро ба ҳолати таълиқ хоҳад даровард ё хайр. Ба таълиқ даровардани ғанисозии уран шарти калидии кишварҳои ғарбист ва Шӯрои Амнияти СММ барои саркашии Эрон аз ин кор чаҳор бор бар зидди ин кишвар таҳрим эълон кардааст. Эрон мегӯяд, барномаҳои ҳастаиаш ҳадафҳои сулҳомезро дунбол мекунад. Вале Амрико шак дорад, ки Эрон барои дастёбӣ ба аслиҳаи ҳастаиӣ талош меварзад.
XS
SM
MD
LG