Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди маҳдудияти даврони раҳбарӣ дар ҲНИТ


Пешниҳоди маҳдудият дар даврони раҳбарии ҲНИТ, аз сӯи раиси ин ҳизб Муҳиддин Кабирӣ баён шудааст.

Вале ба таъйиди масъулони ин ҳизб, ҳанӯз ин пешниҳод дар кадом як ҷаласаи ҳизбӣ мавриди баррасӣ қарор нагирифтааст.

Чаро чунин тасмиме?

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва вакили ин ҳизб дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон гуфт, ки як чунин тасмимро бо таваҷҷӯҳ ба имконот ва зарфиятҳои шахс ва таҷрибаи ҳосилшудаи башарият, ки як нафар наметавонад ба давраҳои тӯлонӣ курсии раҳбариро банд кунад, гирифтааст.

Зеро ба гуфтаи оқои Кабирӣ, як нафар новобаста аз он, ки ҳатто корҳои хуб ва муфидро дар замони раҳбарӣ ба анҷом расонидааст, наметавонад нерӯ ва қобилияти худро ҳамеша дар хидмати ҷомеа қарор бидиҳад.

Пешниҳоди раиси ҲНИТ ба манзури ворид кардани маҳдудият дар давраи раҳбарӣ дар ҳоле садо медиҳад, ки бо вокунишҳои мухталиф дар ҷомеа рӯбарӯ шудааст. Бархе аз соҳибназарон мӯътақиданд, ки таҳаввулоти Тунис ва фирори раиси ҷумҳурии ин кишвар, сабаби чунин иқдом шудааст.

Бархеи дигар мегӯянд, тағйири бархӯрди давлати Тоҷикистон бо дин боис шудааст, ки оқои Кабирӣ масъулияти раҳбарии ин ҳизби мазҳабиро канор гузорад.

Оё наҳзатиҳо пешниҳодро мепазиранд?

Дар ин миён бархе дигар аз коршиносон мегӯянд, ки ихтилофот ва чолишҳои дохилӣ дар ҳизб раиси феълии онро водор кард, ки ба корҳои оромтар ва бедардисаре машғул шавад.



Дар ҳамин ҳол Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини раиси ҲНИТ эътироф мекунад, ки дар дохили ҳизби онҳо ихтилофи назар вуҷуд дорад. Оқои Ҳусайнӣ гуфт, дар соли 2003 Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, муассис ва раиси пешини ин ҳизб низ дархости мушобеҳеро барои пайравонаш матраҳ карда буд. Вале онҳо ин пешниҳоди раиси собиқи худро қабул накарданд.

Ба гуфтаи оқои Ҳусайнӣ ин навбат низ ҳизб дар гумон аст, ки пешниҳоди канорагирии раиси худро бипазирад, вале агар Кабирӣ рӯи пешниҳоди худ пофишорӣ кунад бар он далел дорад ва аз сӯи дигар афроди шоиста, ки ин масъулиятро бар ӯҳда бигирад дар ҳизб кам нестанд.

Ҳокимони умрӣ дар Осиёи Миёна

Дар зимн, масъалаи маҳдудияти собит дар давраи раҳбарии аҳзоби сиёсӣ ва низ раёсати ҳукумат ва ниҳодҳои вобастаи он аз масоилест, ки дар бештари кишварҳои ҷаҳони саввум ҳамеша матраҳ ва боис ба мубоҳисот будааст.

Бештари роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Қазоқистон, Узбакистон ва Тоҷикистон бо анҷоми даврони раҳбарии худ тавонистаанд бо баргузории ҳамагуна раъйпурсӣ ва ворид кардани ислоҳот ба Қонуни асосӣ, замони раҳбарии худро тамдид кунанд. Ба бовари коршиносон, ин шеваи раёсат боис шудааст, ки равандҳои демократӣ дар ин ҷумҳуриҳо ба кундӣ ҳаракат кунад.

"Аҳзоби сиёсӣ заъфи кадрӣ доранд"

Сӯҳроб Шарифов, раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон мӯътақид аст, ки аҳзоби сиёсии Тоҷикистон, аз ҷумла онҳое, ки худро ҳизби мухолифи давлат муаррифӣ мекунанд ба мисли ҲНИТ ва ҲСДТ заъфи кадрӣ доранд. Оқои Шарифов мегӯяд, яке аз муваффақиятҳое, ки ҳизби коммунист дар Чин ба он ноил шуд ин аст, ки масъалаи маҳдудият дар даврони роҳбарӣ барои як шахс собит ва ивазнопазир аст.

Бо ин ҳама, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон афзуд, ки ӯ ин пешниҳодро дар зудтарин фурсат дар яке аз ҷаласаҳои ҳизб матраҳ мекунад ва умедвор аст, ки аз сӯи раҳбарияти ҳизб дастгирӣ хоҳад шуд.

Аммо пешниҳоди раиси ҳизби наҳзати исломии Тоҷиикстон дар ҳоле садо медиҳад, ки бар пояи оинномаи ҳизб маҳдудият дар замони раҳбарӣ муайян нашудааст. Аз ин рӯ, ба гуфтаи оқои Кабирӣ қарор аст дар оинномаи ҳизб низ ислоҳот ворид шавад.

Муҳиддин Кабирӣ пас аз даргузашти Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, муассис ва раҳбари пешини ҲНИТ, дар соли 2006 ба курсии раёсати ин ҳизб нишастааст.
XS
SM
MD
LG