Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки Осиёии Рушд ба Тоҷикистон кӯмак кард


Бонки Осиёии рушд (БОР) барои навсозии роҳи пайвасткунандаи Тоҷикистон ва Ӯзбакистон ба Душанбе ба 120 миллион доллар кӯмаки бебозгашт кунад. Ин бонк рӯзи ҷумъа гуфт, ки роҳи мазкур як бахше аз шоҳроҳест, ки Русияро бо Халиҷи Форс пайваст мекунад. Ин роҳи мошингард ҳанӯз солҳои ҷанги дохилии Тоҷикистон хароб шуда умед мешавад, ки баъди барқарор шуданаш аз он солона 50 ҳазор мошини борбар ҳаракат хоҳад кард. Ин шумор мошинҳо чоряки кулли ҳаҷми мошинҳоеро ташкил медиҳанд, ки ҳар сол аз марзҳои Тоҷикистон убур мекунанд. Аз соли 1998 БОР ба Тоҷикистон куллан 700 миллион доллар қарзу кӯмакҳои бебозгашт ироа кардааст.
XS
SM
MD
LG