Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

А.Ашӯр: "Ман дар доираи қонун кор кардам"


Рӯзи ҷумъа бо қарори ҳукумати Тоҷикистон Амоннулои Ашӯр, раиси Хадамоти зиддиинҳисор бо тавзеҳи “ба кори дигар гузаштанаш” аз мақом барканор шуд. Матбуоти мустақил ҳадс мезанад, ки сабаби воқеии аз мақом дур шудани ин шахс мухолифатҳои сарсахтонаи ӯ аз пулакӣ шудани роҳи Душанбе-Чаноқ, аз ҷумла ҳушдори ӯ аз паёмадҳои номатлуби ҷорикунии таруфаҳои роҳ аз ҷониби ширкати Innovative Road Solutions ва ба матбуот кашондани ин баҳс мебошад. Ин масъала боиси норизоияти шадиди сокинони бархе деҳоте шудааст, ки дар маҳали бунёди роҳ ба сар бурда маҷбуранд ҳар дафъа барои убуру мурури он пул пардохт кунанд. Дар саволи Озодӣ оид ба ин ки оё барканории худро бо танқидҳояш аз пулакӣ шудани роҳ иртибот медиҳад ё на, Амонуллоҳи Ашӯр гуфт:

“Аз берун маълумтар аст. Ман фақат дар доираи қонун кор кардам. Ман доим қонунро риоя мекунам. Президент ҳеҷ вақт нагуфтанд, ки “шумо ин хел ё вай хел кунед”. Дар масъалаи ҳамин ширкат ҳам ҳамин хел мегуфтанд. Баъзе қувваҳое ҳастанд, ки зидди банизомдарорӣ, зидди қонун ҳастанд. Оқибати ин ҳеҷ вақт хуб намешавад. Дар ин вазифаҳо принсипнок бояд кор кард. Дар доираи қонун бояд кор кард. Таруфаҳо бояд баланд набошанд, мутобиқ ба сатҳи зиндагии мардум бошанд”.

Бо қарори ҳукумат, Ҳамдам Тағоймуродов, раиси бахши ислоҳоти иқтисодии дафтари раёсатҷумҳурӣ раиси нави Хадамоти зиддиинҳисор таъин шуд.
XS
SM
MD
LG