Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Минск сиёсатмадори маъруфро айбдор кард


Имрӯз ҳукумати Беларус як намояндаи маъруфи мухолифин ва ҳамсари журналисти ӯро дар кӯшиши сарнагунсозии ҳукумати Александр Лукашенка дар ҷараёни интихоботи соли гузашта айбдор кард. “Советская Беларусия”, нашрияи расмии дафтари раёсатҷумҳурӣ бо нашри гузорише мегӯяд, ки Андрей Санников ва ҳамсари ӯ аз “сармоягузорҳои хориҷӣ” барои ташкили суқути режими Лукашенка 20 миллион доллар маблағ ба даст оварданд. Санников яке аз рақибони қавии Лукашенка дар интихоботи ахири президентии рӯзи 19 декабр буд. Ҳамсари ӯ Ирина Халип хабарнигори нашрияи русии “Новая газета” аст. Ин ҷуфти ҳамсарон дар мавҷи саркӯби эътирозгарони натиҷаҳои интихобот боздошт шуда ҳамоно дар зиндон ба сар мебаранд.
XS
SM
MD
LG