Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай ва Медведев мулоқот карданд


Дар Маскав мулоқоти раисони ҷумҳуриҳои Русия ва Афғонистон – Дмитрий Медведев ва Ҳомиди Карзай баргузор шуд. Дар ин мулоқот масъалаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, ширкати Русия дар барқарории Афғонистон ва мубориза зидди маводи мухаддир баррасӣ шудааст. Хабарнигори радиои Озодӣ дар Маскав Виталий Камишев дар остонаи ин мулоқот роҷеъ ба масъалаҳои дигари мавриди баррасии ду раҳбар чунин гузориш дод:

“Мутахассисони Русия дар барқарорсозии низоми милии барқдиҳии Афғонистон иштирок карда, ҳамчунин ин кишвар дар амри бахшиши қарзҳои Афғонистон бо ин кишвар музокираҳо анҷом медиҳад. Вале миёни онҳо мушкилоте чанд вуҷуд дорад. Эҳтимолан дар ин нишаст ҳамчунин мавзӯи ҳимояти манфиатҳои сармоягузорони рус дар Афғонистон баррасӣ шавад”.

Карзай, ки бо ҳайати калони ҳукуматӣ, аз ҷумла ҳама вазирони қудратии худ ба Маскав рафтааст, инчунин бо нахуствазир Владимир Путин ва раиси Палатаи савдои Русия
Евгений Примаков мулоқот хоҳад кард. Ин нахустин мулоқоти ду раҳбар дар Маскав ва чаҳорӯмин мулоқоти онҳо дар як соли охир мебошад.
XS
SM
MD
LG