Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунаққиди роҳи пулакӣ Амонуллоҳи Ашӯр сабукдӯш шуд


Имрӯз бо қарори ҳукумати Тоҷикистон Амоннулои Ашӯр, раиси Хадамоти зиддиинҳисор бо тавзеҳи “ба кори дигар гузаштанаш” аз мақом барканор шуд. Матбуоти мустақил ҳадс мезанад, ки сабаби воқеии аз мақом дур шудани ин шахс мухолифатҳои сарсахтонаи ӯ аз пулакӣ шудани роҳи Душанбе-Чаноқ, аз ҷумла ҳушдори ӯ аз паёмадҳои номатлуби ҷорикунии таруфаҳои роҳ аз ҷониби ширкати Innovative Road Solutions ва ба матбуот кашондани ин баҳс мебошад. Ин масъала боиси норизоияти шадиди сокинони бархе деҳоте шудааст, ки дар маҳали бунёди роҳ ба сар бурда маҷбуранд ҳар дафъа барои убуру мурури он пул пардохт кунанд. Бо қарори ҳукумат, Ҳамдам Тағоймуродов, раиси бахши ислоҳоти иқтисодии дафтари раёсатҷумҳурӣ раиси нави Хадамоти зиддиинҳисор таъин шуд.
XS
SM
MD
LG