Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амонулло Ашӯр, раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон аз мақомаш барканор шудааст.

Ҷаноби Ашӯр дар сӯҳбат ба РО зимни таъйиди ин хабар гуфт, ки вай бо қарори ҳукумати Тоҷикистон ба раёсати маркази дастгирии хусусигардонии хоҷагиҳои кишоварзӣ, ниҳоди вобаста ба ҳукумат таъйин шудааст.

Вай аз мансуб шудан ба ин мақом изҳори ризоият кард ва гуфт,"ҷаноби президент зарур шумориданд, ки ман дар ин мақоми нав фаъолият дошта бошам. Чун ман аскари президентам ва кӯшиш мекунам, ки ба ин боварии президент сазовор бошам. Аз он розиам, ки маро раиси ҷумҳур дар кӯча нагузоштанд."



Амонуллоҳи Ашӯр аз нахустин масъулони давлатӣ дар ҳукумати Тоҷикистон аст, ки аз шеваи фаъолияти ширкати IRS (Innovative Road Solutions), масъули ҷамъоварии маблағ аз истифодаи роҳи пулакии Душанбе- Чаноқ интиқод карда буд.

Вай дар посух ба ин суол ки оё иллати барканории вай аз мақоми раиси хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон ба мухолифатҳои вай алайҳи ширкати IRS будааст, гуфт, ки "ман бо дастури раисиҷумҳур ба сабаби ба кори дигар гузаштан ба мақоми нав таъйин шудам. Шояд ин назари коршиносон бошад, вале аз берун маълумтар аст. Ман ҳамеша дар ҳар куҷое кор кардам, аз рӯи принсип фаъолият доштам, мавқеи ман тағйир нахоҳад кард. Президент ҳам дар ҳама масоил аз ҷумла дар мавриди ширкати IRS таъкид мекарданд, ки аз рӯи қонун фаъолият дошта бошам. Ҳеҷ гоҳ президент дар робита ба ширкати IRS нагуфтаааст, ки ин корро кун ва ин корро накун."

Раиси бахши ислоҳоти иқтисодӣ ва сармоягузорӣ дар дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳамдам Тағоймуродов дар ивази Ашӯр раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон таъин гашт.

Амонуллоҳи Ашӯр дар авохири моҳи апрели соли гузашта дар як изҳороти шадидуллаҳн фаъолияти ширкати “Инновейтив Роуд Солюшнз”-ро, ки роҳи Душанбе-Чаноқро дар ихтиёри худ гирифта, пулакӣ кард, “сӯистифода” ва “нақзи қоидаи нархгузорӣ” унвон карда буд.

Марат Мамадшоев, коршиноси тоҷик мегӯяд, барканории Амонуллоҳи Ашӯр нишон медиҳад, ки воқеан ширкати IRS дар сатҳи болои ҳукумати Тоҷикистон пуштибонӣ қавие дорад.

Оқои Мамадшоев афзуд: “Барканории ӯ бевосита ба интиқодҳояш аз ширкати IRS иртибот дорад. Зеро инро аниқ гуфтан мумкин аст, ки омадани IRS, фаъолияти IRS пурра нишон медиҳад, ки аз пушти он қувваи бузурге истодааст. Ин “қувва” кӣ ҳаст маълум нест, вале инаш аниқ аст, ки “қувва”-хеле тавоно аст”.

Амонуллоҳи Ашӯр дар соли 1992 раиси ҳукумати шаҳри Кӯлоб буд ва дар аввалҳои солҳои 2000-ум ба ҳукумати марказӣ омад. Вай чанд сол муовини раиси Хадмоти зиддиинҳисорӣ буда, дар поёни соли 2006 муовини аввали вазири иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон шуд. Дар моҳи марти соли 2010 раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ таъин гашт.

Барканории раиси ширкати “Тоҷик Эйр”

Бар асоси қарори дигари ҳукумати Тоҷикистон раиси ширкати давлатии «Тоҷик Эйр» Алимурод Маҳмадалиев ҳам аз вазифааш барканор шуда, ба ҷои ӯ Музаффар Исҳоқов таъйин шудааст.

Музаффар Исҳоқов, ки солҳои пешин дар ширкати «Тоҷик-айр» кор кардааст, чанд муддати ахир раҳбари ширкати “Сомон Эйр”, ширкати хусусии ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон буд. Ширкати ҳавопаймоие, ки аксарият онро ба Ҳасан Асадуллозода, раиси «Ориёнбонк» ва додарарӯси раиси ҷумҳури Тоҷикистон марбут медонанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG