Пайвандҳои дастрасӣ

Таваллуди навзоде бо вазни 7,2 кг


Телевизионҳои давларии Русия хабари таваллуди як тифли азимҷуссаро пахш карданд. Дар як таваллудгоҳи шаҳри Хабаровск модари 33-сола соҳиби писаре шудааст, ки вазнаш 7,2 кг ва қадаш 67 см будааст. Ин фарзанди дуюми муҳосиб Вера Овчинникова мебошад, ки дар сӯҳбат бо телевизиони Россия-24 гуфтааст, ки то ҳол аз дидани ин паҳлавон-писараш ба худ наомадааст. Бо тасмими табибон, фарзанди дуюми ин хонум бо роҳи амалиёти тиббӣ ба дунё омадааст.
XS
SM
MD
LG