Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маросими савгандёдкунии Лукашенка


Имрӯз дар Минск маросими савгандёдкунии Александр Лукашенка ба унвони президенти Беларус баргузор мешавад. Оқои Лукашенко барои чаҳорӯмин бор ба мӯҳлати панҷсолаи навбатӣ курсии президентиро ишғол мекунад. Интихоботи рӯзи 19 декабрро дар фасоду тақаллуби раъйҳо муттаҳам карданд, ки боиси болоравии мавҷи эътирозҳои аъзои ҷомеа ва мухолифин гардид. ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо ҳукумати Беларусро барои саркӯби шадидлаҳни эътирозҳо ва ҳам боздошти раҳбарони мухолифин ва номзадҳои интихоботӣ маҳкум карданд.
XS
SM
MD
LG