Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба таҳрир ва такмили бархе аз нукоти қонуни нав даъват кардааст.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, бархе аз бандҳои лоиҳаи «Қонун дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бо арзишҳои динӣ ва меъёрҳои Қонуни асосӣ муғойират дорад. Ва бидуни ворид кардани ислоҳот, қабули он пайомадҳои нохуб ба бор хоҳад овард.

Ин матлаб имрӯз 21 январ дар нишасти хабарии раҳбари ҲНИТ ва вакили ин ҳизб дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон садо дод. Дар баёнияе, ки Шӯрои сиёсии ҳизб дар ин робита ба нашр расонидааст таъкид мешавад, ки он «бо ҳадафҳои нек ва ба хотири таъмини рушди муносиби наслҳои имрӯза ва ояндаи миллат» таҳия шудааст.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ пешниҳодоти ин ҳизбро, ки ба гуфтаи ӯ ба манзури беҳтар шудани лоиҳаи ин қонун боис хоҳад шуд ироа кард. Аз ҷумла раиси ҲНИТ гуфт пешниҳод доранд, ки номи қонун ба ин тарз қонун « Дар бораи масъулияти давлат, ҷомеа ва падару модар дар тарбияи насли наврас» табдил шавад. Бар изофа, ин ҳизб дар бархе аз банду моддаҳои қонун аз ҷумла дар зербанди моддаи 7 -и лоиҳаи қонун, ки иштироки ноболиғон дар фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ ва чорабиниҳои дастаҷамъонаро манъ мекунад пешниҳод мекунад, ки ин ҷумла чунин тарз ислоҳ шавад: «иштироки фарзандони ноболиғ дар фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ ва чорабиниҳои дастаҷамъона дар ҷараёни таълим роҳ надиҳанд».

Афзун бар ин ҲНИТ пешниҳод мекунад, ки як банди наве ба чунин шакл ба моддаи 9 лоиҳаи ин қонун ворид карда шавад: «давлат бояд шароитеро ба вуҷуд биёрад, ки иҷрои талаботи ин ва дигар қонунҳои марбут ба тарбияи фарзандон ҳам масъулин ва ҳам падару модар аз лиҳози моддӣ имконпазир гардад. Аз ҷумла, ҳадди ақали маош ва нафақа аз нишондодҳои сабади минималии истеъмолӣ барои ҳар шаҳрванд пойин бошад».

Раиси ҲНИТ гуфт, ки умед дорад, ки ин пешниҳодот мавриди қабули қонунгузорони кишвар қарор хоҳад гирифт ва ӯ ба унвони вакили ин ҳизб дар парлумон ин пешниҳодотро баён хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG