Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёти зидди қочоқи маводи мухаддир


Сохторҳои ҳифзи тартиботи Тоҷикистон хабари ҷилавгирӣ аз қочоқи миқдори махсусан зиёди маводи мухаддирро, ки мебоист ба Русия интиқол меёфт, пахш карданд. Дар амалиёти Оҷонсии назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар як маҳаллаи шаҳри Душанбе аз дасти гурӯҳи қочоқчиён беш аз 38 кг нашъа мусодира шуд, ки аз ин миқдор 35 кг афюн ва 3,5 кг боқимондааш ҳероин будааст. Соли гузашта дар Тоҷикистон аз қочоқи чаҳор тонна маводи мухаддир ҷилавгирӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG