Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳкумияти СММ аз куштори 50 нафар дар Ироқ


Фиристодаи СММ дар Ироқ ҳамлаи интиҳории рӯзи гузаштаро болои як гурӯҳи зоирони шиа маҳкум кард, ки 50 кушта бар ҷой гузошт. Дар ин ҳодиса инчунин беш аз 100 нафар маҷрӯҳ шуданд. Ин ҳодисаи даҳшатовар дар наздикии шаҳри муқаддаси Карбало рӯй дод. Дар номаи тасаллияти раиси ҳайати СММ дар Ироқ Ад Мелкерт омадааст, ки ин дипломати ҳолландӣ аз ҳодисаҳои идомаёбандаи ҳамла болои гурӯҳи вижаи мардум дар Ироқ, нирӯҳои амниятӣ, шахсиятҳои ҳукумативу сиёсӣ “амиқан нигарон” аст.
XS
SM
MD
LG