Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии масъалаи Эрон дар Туркия


Намояндагони Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ имрӯз дар Истамбули Туркия даври нави музокиротро баргузор мекунанд. Саид Ҷалилӣ, раҳбари ҳайати Эрон қарор аст дар мулоқот бо мақомоти Бритониё, Чин, Фаронса, Олмон, Русия ва ИМА иштирок мекунад. Раҳбарии ин ҷаласаро раиси сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Кетрин Эштон ба ӯҳда хоҳад дошт. Музокироти ахири ин ҳайат моҳи декабр, ки барои коҳиши таниши атрофи масъалаи ғанисозии ураниум аз ҷониби Эрон равона шудааст, натиҷаи андаке ба бор овард.
XS
SM
MD
LG