Пайвандҳои дастрасӣ

Барои аввалин бор аст, ки Тоҷикистон беш аз ду тона тило дар сол истеҳсол мекунад.

Гул Шералӣ, вазири энержӣ ва саноати Тоҷикистон рӯзи ҷумъа, 21-уми январ, дар ҳузури хабарнигорон дар Душанбешаҳр гуфт:

“Ба хотири афзоиши захираи тило, дар соли гузашта 2049,8 килограм тило ва 2651,8 килограм нуқра истеҳсол шудааст, ки нисбат ба соли 2009 мутаносибан 688,9 килограм тилло ва 1384 килограм нуқра зиёд аст.”

Афзоиши истеҳсоли тило дар Тоҷикистон

Ба гуфати вазири энержӣ ва саноат, истеҳсоли тило аз ҳисоби навсозии корхонаи муштараки тоҷикистониву чинии “ Зарафшон”афзудааст. Вай гуфт, ки дар ин корхона 667 килограм бештар истеҳсол шудааст ва дар корхонаи истихроҷи тилои “Апрелефка” 439 килограм тило истеҳсол гардидааст.

Ба гуфтаи вазир, дар соли гузашта 1771 килограм тилои истеҳсолшуда дар дохили ҷумҳури ба фурӯш рафтаааст. Аз ин ҳисоб 366 килограми онро вазорати молия харидааст ва 862 килограми дигарро Бонки миллӣ ва корхонаҳои заргарӣ харидаанд. Ва беш аз 10 килограми он ба хориҷ аз кишвар ба фурӯш рафтааст.

Ба гуфтаи Гул Шералӣ, дар истеҳсоли нуқра корхонаи “Апрелефка” дар шимоли кишвар пешсаф аст, ки дар соли гузашта 1429 килограм нуқра истеҳсол кардааст. Дар корхонаи муштараки тоҷикистониву чинии “Зарафшон” бошад 1212 килограм нуқра истеҳсол шудааст.

Ба гуфтаи вазир корхонаҳои истеҳсолии тило ва нуқра навсозӣ мешаванд ва қарор аст дар соли ҷорӣ беш аз 2,5 тона тило ва 3 тонна нуқра истеҳсол шавад. Гул Шералӣ афзуд, дар сурати мавриди истифода қарор гирифтани "Кони Мансури Калон", ки захираи нуқраи он беш аз 60 ҳазор тонна тахмин зада мешавад, истеҳсоли нуқра низ хоҳад афзуд.

Ин дар ҳолест, ки қимати тило ва нуқра дар бозорҳои ҷаҳонӣ рӯ ба болоравист ва дар ҳоли ҳозир як унсия тило, ки муодили 31 грам аст беш аз 1346 доллар арзиш дорад. Ва қимати нуқра ба 28 доллар мерасад. Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 4 корхона истеҳсоли тило ва нуқра: корхонаи муштараки “Зарафшон”, корхонаи “Апрлефка” ва корхонаи тилои “Тоҷик”, ҳамчунин ширкати хусусии “Артели Одина” дар вилояти Хатлон фаъол аст.

Кашфи конҳои нави тило

Дар ҳоли ҳозир дар қаламрави Тоҷикистон 28 кони тило кашф шудааст, ки захираи онҳо ба 430 тонна тило болиғ аст. Ахиран ду кони ҷадиди тило дар Тоҷикистон кашф шуд ва ба листи захираҳои тилои Тоҷикистон ворид шудааст. Ин кони тилои “Покруд” дар ноҳияи Ваҳдат ва кони “Табоспин” дар ноҳияи Масчо аст.

Азим Иброҳим, раиси саридораи геологияи Тоҷикистон дар ин бора гуфт:
“Захираи тило дар ин ду кон аз ҷумла кони дар Ваҳдат буда 116,8 тонна ва кони дар Масчо буда 59 тонна тилоро ташкил медиҳад. “

Вай афзуд дар оянда тарҳрезии барномаи фаннӣ ва иқтисодии ташкилӣ корхонаи коркарди тило дар ин ду кон низ дар назар аст.

“Бо Узбакистон мушкиле вуҷуд надорад”

Вазири энержӣ ва саноатӣ Тоҷикистон дар ин нишасти хабарӣ дар робита ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун гуфт, ки корҳои барқароркунӣ идома дорад ва дар транзити колоҳо бо Узбакистон дар ин замина мушкиле вуҷуд надорад.

Вай афзуд: “Ҳамкории мо бо Узбакистон хуб аст, он борҳо, ки мо тавассути ҳавопаймо аз Эрон ворид кардем дастгоҳҳои васлакунӣ буд, ки барои вуруди зудҳангоми он зурурат доштем, ҳоло транзит аз тариқи Афғонистон ва Узбакистон сурат мегирад, ки мушкиле вуҷуд надорад.”

Вазири энержӣ ва саноати Тоҷикистон дар бораи сарфаҷӯии нерӯи барқ гуфт, ки дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон тавлиди чароғакҳои каммасрафро дар шаҳри Чкаловск ва Исфара роҳандозӣ кардааст.

Вай афзуд: “Ҳоло дар корхонаи “Сомон” бо тамғаи “Сомон” солона як миллиону 800 ҳазор чароғаки каммасраф истеҳсол мешавад, ки аз 7 то 35 ватт тавоноии дорад.”

Ин дар ҳолест, ки бозорҳои Тоҷикитсон лабрези чароғакҳои каммасрафи тавлиди Чин аст, ки хело сифати паст доранд. Ба гуфтаи Гул Шералӣ дар соли гузашта ба далели ба фурӯш нарафтани барқи изофӣ дар тобистони гузашта ба кишварҳои ҳамсоя, давлати Тоҷикстон ҳудуди 150 миллион доллар зиён дидааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG