Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интизориҳо аз гуфтугӯи ҳастаӣ бо Эрон


Амрико эълом кард, ки Вошингтон дар музокироти Истанбул ба дунболи "раванди маънидор ва амалӣ" барои пардохтан ба масоилӣ аслии барномаи ҳастаии Эрон аст.

Музокироти гурӯҳи 5+1 қарор аст имрӯз 21-уми январ дар Истанбул бо ширкати ИМА, Бритониё, Русия, Фаронса, Чин ва Олмон бо ҳайати эронӣ баргузор шавад.

Филипп Кровлий, сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Амрико дар остонаи баргузории музокироти Эрон ва гурӯҳи 5+1 дар Истанбул гуфт: «Мо ба дунболи раванди маънидор ва амалӣ ҳастем, ки ба масоили аслии барномаи ҳастаии бипардозад.»

Сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико афзуд: «Ҳамон тавр, ки гурӯҳи 5+1 борҳо таъкид кардааст, мо вазифадорем, ки Эронро дар муқобили тааҳҳудоти байналмилалиаш посухгӯ бикунем ва ба ин кор ҳам идома хоҳем дод то ҷое, ки Эрон гомҳои ҷиддӣ барои ҳалли нигарониҳои байналмилалӣ дар мавриди барномаи атомиаш бардорад.»

Интизори пешрафти музокирот

Аз сӯи дигар Марк Тонер, сухангӯи муваққати вазорати хориҷаи Амрико бо ишора ба музокироти дар пеш рӯ гуфт, ки Вошингтон интизори «пешрафти умдае» аз ин гуфтугӯҳо надорад.

Ин дипломати амрикоӣ ҳамчунин изҳор дошт, ки Вошингтон моил аст дар музокироти Истанбул пешниҳоди ба вуҷуд омадаи табодули сӯхт бо Эрон, мавриди баҳс ва баррасӣ қарор бигирад.

Дар музокиротир дурӯзаи Истанбул, муовини вазорати хориҷаи ИМА ба унвони намояндаи Амрико ширкат мекунад.

Гурӯҳи музокиракунандаи эронӣ низ бо сарпарастии Саид Ҷалилӣ, дабири шӯрои олии амнияти миллии Эрон, баъд аз зӯҳри рӯзи панҷшанбе вориди Истанбул шудааст.

Аз сӯи дигар дар остонаи баргузории гуфтугӯҳои гурӯҳи 5+1 бо Эрон, вазири корҳои хориҷии Русия низ эълом кард, дар ин музокирот масъалаи лағви таҳримҳои Эрон низ бояд дар дастури кор бошад.
XS
SM
MD
LG