Пайвандҳои дастрасӣ

Лукашенко савганд ёд мекунад, барои чаҳорум бор


Имрӯз Александр Лукашенко барои чаҳорум маротиба ба ҳайси раиси ҷумҳури Белорус савганд ёд хоҳад кард ва зоҳиран ягон раҳбари хориҷӣ дар ин маросим ҳузур нахоҳад дошт. Александр Лукашенко дар интихоботи баҳсбарангези рӯзи 19 декабри соли гузашта дар Белорус, ки онро ғайридемократӣ хонданд, дигарбора пирӯз шуд. Мақомоти интизомӣ тазоҳуроти пас аз интихоботии тарафдорони мухолифини давлатро башиддат саркӯб карда ва садҳо нафар аз ҷумла номзадҳо ба мақоми раиси ҷумҳурро боздошт карданд. Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико, дар андешаи эъломи таҳримот алайҳи Ҷумҳурии Белорус ҳастанд, аз дипломатҳои худ хостаанд дар маросими адои савганди Александр Лукашенко ширкат накунанд.
XS
SM
MD
LG