Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳосили кори муҳоҷирони тоҷик дар соли гузашта


Шариф Раҳимов, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон гуфт, соли гузашта муҳоҷирони корӣ ба кишвар тақрибан 2 миллиарду 300 миллион доллар ворид кардаанд, ки дар муқоиса бо соли гузашта 25 дар сад зиёд аст. Дар соли бӯҳронии 2009, муҳоҷирони кории тоҷик, ки аксаран дар Русия кор мекунанд, ба кишвар бештар аз 1 миллиарду 800 миллион доллар фиристоданд, ки назар ба соли 2008 камтар буд. Тоҷикистон яке аз кишварҳои муҳоҷирфирист дар ҷаҳон аст, ки нақши муҳоҷирони корӣ дар иқтисоди он бисёр зиёд аст. Бино ба оморҳои мухталиф танҳо дар Русия бештар аз 700 ҳазор муҳоҷирони кории тоҷик кор мекунанд.
XS
SM
MD
LG