Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳу Ҷинтао мегӯяд, Чин таҳдиди низомӣ ба касе нест


Ҳу Ҷинтао, раиси ҷумҳури Чин мегӯяд, кишвараш барои ҳеҷ кишвари дигаре таҳдиди низомӣ нест ва дар пайи раҳандозии мусобиқаи таслиҳотӣ ва ё густариши нуфузи худ дар ҷаҳон намебошад. Ҳу Ҷинтао дар ин бора рӯзи панҷшанбе дар ҳузури тоҷирони бузурги Амрико сухан гуфт ва таъкид кард, ки қудрати афзояндаи иқтисодии Чин барои Амрико ҳам муфид аст. Ӯ айни замон аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хост, ба тамомияти арзии Чин ва ҳаққи он бар сари Тайван ва Тибет эҳтиром гузорад. Ҳу Ҷинтао пеш аз ин мулоқот бо вакилони мардумии Иёлоти Муттаҳида ҳам дидору гуфтӯгу кард. Ӯ рӯзи сешанбе бо як сафари серӯзаи давлатӣ вориди Амрико шуд.
XS
SM
MD
LG