Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумони Аврупо хостори танбеҳи Белорус шуд


Порлумони Аврупо саркӯбиҳои баъди интихоботи баҳсбарангези моҳи гузашта дар Ҷумҳурии Белорусро маҳкум кард ва хостори баргузории як интихоботи “шаффоф ва демократӣ” шуд. Рӯзи панҷшанбе вакилони порлумон дар шаҳри Страсбург бо қабули баёнияе аз Иттиҳодияи Аврупо хостанд, ба мақомоти баландпояи Белорус раводиди сафар надиҳад ва ҳам онро бо таҳримоти иқтисодӣ аз ҷумла мутаввақиф кардани кӯмакҳои молии Сандуқи Байналмилалии Пул танбеҳ диҳад. Пеш аз ин шаш сенатори бонуфузи Амрико хостори посухи муштараки қотеъи Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Аврупо ба саркӯбии тазоҳуроти баъди интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Белорус шуданд, ки дар он Александр Лукашенко пирӯз шуд. Раиси ҷумҳури Белорус ҳушдор дод, ки дар сурати таҳрим, аксуламалҳои шадид нишон хоҳад дод. Ҷумҳурии Белорус яке аз роҳҳои муҳими интиқоли гази Русия ба кишварҳои аврупоист.
XS
SM
MD
LG