Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ бомбгузориҳои хунини Карбалоро маҳкум кард


Фиристодаи Созмони Милал дар Ироқ, ҳамлаҳои интиҳорӣ алайҳи зойирони шиъамазҳаб дар шаҳри Карбалоро маҳкум кард, ки дар ин ҳамлаҳо 50 нафар кушта ва беш аз сад тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Маргталабон ду мошини бомгузоришударо рӯзи панҷшанбе дар наздикии шаҳри Карбало мунфаҷир карданд. Эд Мелкерт, намояндаи Созмони Милал бо ибрози тассалият ба хонаводаҳои қурбониёни ҳодиса, аз “идомаи ҳамлаҳо алайҳи гурӯҳҳои хос, нерӯҳои амниятӣ ва чеҳраҳои ҳукумативу сиёсӣ дар Ироқ ибрози нигаронии амиқ кардааст. То кунун касе масъулияти бомбгузориҳои ахирро бар ӯҳда нагирифтааст, вале мегӯянд, ки ин кори дасти тундравони шарики Ал-қоида аст. Рӯзи сешанбе дар бомбгузориҳои интиҳорӣ дар шаҳри Тикрити Ироқ, 65 нафар кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG