Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози муҳокимаи додгоҳии хунрезӣ дар Оқсуи Қирғизистон


Дар Қирғизистон муҳокимаи додгоҳии афроди муттаҳам ба қатли шаш тазоҳургар дар соли 2002 шурӯъ шуд. Моҳи марти соли 2002 маъмурони амниятӣ дар шаҳри Оқсу ба рӯи афроде тир андохтанд, ки алайҳи додани як пораи қаламрави Қирғизистон ба Чин эътироз мекарданд. Дар ин тазоҳуроти хушунатомез дар маҷмӯъ шаш нафар кушта шуданд, вале то кунун касеро ба ҷавобгарӣ накашидаанд. Болот Ҷанузоқов, дабири собиқи шӯрои амнияти миллӣ, Чубак Абишкаев, додситони собиқ дар аҳди Аскар Оқоев раиси ҷумҳури пешини Қирғизистон, аз ҷумлаи муттаҳамон дар парвандаи ҳалокати тазоҳургарон ҳастанд.
XS
SM
MD
LG