Пайвандҳои дастрасӣ

Бомбгузориҳои маргбор дар наздикии шаҳри Карбалои Ироқ


Мақомоти Ироқ мегӯянд, дар ду бомбгузорӣ дар як канораи шаҳри Карбало дасти кам 50 нафар кушта шуданд. Муҳаммад Мусавӣ, раҳбари шӯрои вилоятӣ гуфт, дар ин бомбгузорӣ, ки кори дасти маргталабон будааст, камаш 150 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Пеш аз ин ҳамла дар шаҳри Бақубаи Ироқ, 60 километрии шимолушарқи шаҳри Бағдод дар як бомбгузории интиҳорӣ дар назди қароргоҳи нерӯҳои амниятӣ се нафар ҷон доданд.
XS
SM
MD
LG