Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷунбиши зистмуҳитии Узбакистон Бонки ҷаҳониро муттаҳам кард


Хабаргузории "Регнум" иттилоъ додааст, намояндагони Ҷунбиши зистмуҳитии Узбакистон Бонки Ҷаҳониро муттаҳам кардаанд, ки ин бонк бо миёнҷигарии худ дар масоили сохтмони ниругоҳи барқи обии Роғун миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ вазъи муноқишаомез ба вуҷуд овардааст. Сухангӯи Ҷунбиши зитстмуҳитии Узбакистон гуфтааст, моҳи декабр дар Тошканд намояндагони ин ҷунбиш бо оқои Лентон-раиси Шӯрои бозрасии Бонки Ҷаҳонӣ мулоқот ва масъалаи сармоягузорӣ дар сохтмони ниругоҳи барқи обии Роғунро баррасӣ кардаанд. Намояндагони порламони Узбакистон аз Ҷунбиши зистмуҳитӣ гуфтаанд, Бонки Ҷаҳонӣ бо миёнҷигарии худ кишварҳои минтақаро ба муноқиша мекашонад.
XS
SM
MD
LG