Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аъзои кобинаи двраи гузор аз ҳизби ҳоким хориҷ шуданд


Бино ба гузориши телевизиони Тунис, ҳамаи вазирони кобинаи давраи гузори ин кишвар аз узвият дар ҳизби ҳокими раиси ҷумҳури барканоршуда хориҷ шудаанд. Онҳо дар ҳоле даст ба ин иқдом задаанд, ки дар Тунис ба таври густарда дархостҳо садо медиҳад, ки ин ҳизб бояд аз қудрат барканор ва ё бояд пароканда шавад. Зайналобиддин бен Алӣ-раиси ҷумҳури Тунис ҳафтаи гузашта зери фишори тазоҳуроти густардаи эътирозӣ аз кишвар фирор кард. 33 нафар аз ҳамдастони Зайналобиддин, ки дар мақомҳои гуногун кор мекарданд, ба зиндон кашида шуданд.
XS
SM
MD
LG