Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамони Тоҷикистон бозиро бар "Сконто"-и Рига бохт


Қаҳрамони футболи Тоҷикистон дастаи "Истиқлол" дар мусобиқот барои дарёфти "Ҷоми кишварҳои ҳамсуд-2011" дар даври чаҳорякниҳоӣ бар дастаи "Сконто"-и Рига бо ҳисоби 2:0 бохт. Бад-ин тариқ "Истиқлол" аз идомаи мусобиқот маҳрум шуд ва ба Тоҷикистон бармегардад. Солҳои ахир дар мусобиқоти "Ҷоми кишварҳои ҳамсуд-2011" аксари кишварҳои ҳамсуд гурӯҳҳои эҳтиётии дастаҳои қаҳрамонро мефиристанд. Масалан, дар ин бозиҳо дастаҳои қаҳрамон аз Русияву Украина ё Белорус чандон таваҷҷуҳ надоранд ва бештар худро ба бозиҳои дигари байналмиллалӣ омода мекунанд. Онҳо бозиҳо дар ин ҷомро барои худ камаҳамият медонанд.
XS
SM
MD
LG