Пайвандҳои дастрасӣ

Дар вилояти Донетски Украина ду инфиҷор рух дод


Имрӯз дар шаҳраки Макеевкаи вилояти Донетски Украина ду инфиҷор рух дод. Дар ин инфиҷорҳо касе осеб надидааст. Сухангӯи полиси маҳаллӣ гуфтааст, яке аз ин инфиҷорҳо дар наздикии бинои идораи кони ангишт рух додааст. Инфиҷори дигар дар бозори шаҳраки Макеевка ба вуқуъ пайвастааст. Дар маҳали ҳар ду инфиҷор шишаи тирезаҳо шикастаанд. Полиси маҳаллӣ расидагӣ ба ин ҳодисаҳоро шурӯъ кардааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG