Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз боздиди Карзай аз Русия оғоз меёбад


Қарор аст имрӯз боздиди дурӯзаи Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон аз Рӯсия оғоз ёбад. Карзай мехоҳад ин боздидро барои густариши ҳамкориҳои миёни Афғонистону Русия истифода кунад. Дафтари Ҳомид Карзай дар Кобул гуфтааст, интизор меравад, ки дар ҷараёни ин боздид раиси ҷумҳур дар бораи таъмини Афғонистон бо маводи сӯхти Русия гуфтугӯ кунад, зеро интиқоли маводи сӯхти Эрон ба Афғонистон дар марзи миёни ин ду кишвар ба монеа дучор шудааст. Карзай ҳамчунин умед дорад, ки ҳамкориҳояш бо Русияро дар бахши мубориза бо қочоқи маводи мухаддир тақвият бахшад.
XS
SM
MD
LG