Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳҳоров: Фирориён бояд боздошт шаванд


Абдураҳим Қаҳҳоров-вазири дохилии Тоҷикистон гуфтааст, фирориёни боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон "бо ҷаҳони ҷиноӣ иртибот доранд ва мумкин аст пулҳои зиёд низ дар ихтиёр дошта бошанд. Фирориён медонанд, ки дар куҷо ва чӣ тавр пинҳон шаванд, вале мо умедворем, ки бозошдоти онҳо ба мо муяссар хоҳад шуд". Шаби 23-юми август 25 нафар аз боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон фирор карданд. То ҳол танҳо 12 нафари онҳо боздошт шуданд, ки 2 нафарашон шаҳрванди Русия мебошанд. 3 нафари дигар ба қатл расидаанд. 10 нафар то ҳол боздошт нашудаанд. Дар ин бора хабаргузории "Азия-Плюс" иттилоъ додааст.
XS
SM
MD
LG