Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости ҳайати омӯзгорон аз вазорати маорифи Тоҷикистон


Имрӯз гурӯҳе аз омӯзгорони тоҷик аз минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон, ки 20 рӯзи пеш бояд бо кӯмаки сафоратхонаи Эрон дар Душанбе ба Эрон сафар мекарданд, дар назди вазорати маорифи Тоҷикистон гирдиҳам омаданд ва аз вазорат тақозо карданд, ки махориҷи 20 рӯзаи иқомати онҳо дар Душанберо пардохт кунад. Чун сафари онҳо ба таъхир афтодааст, онҳо махориҷи 20 рӯзаи иқомат дар Душанберо аз ҳисоби худ пардохт кардаанд. То ҳол дар бораи далоили таъхири сафар ба онҳо ба таври расмӣ чизе нагуфтаанд, вале масъулини вазорат бар ин нукта ишора кардаанд, ки таъхири сафар ба масоили амниятӣ иртибот доштааст. Сафоратхонаи Эрон то ин лаҳзаҳо, ки хабар омода мешуд, дар ин бора изҳори назар накардаанд.
XS
SM
MD
LG