Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тасвиби санади вогузории як пора аз замини Тоҷикистон ба Чин аз умдатарин матолиби ин ҳафтаи нашрияҳои Душанбест.

“Азия-плюс” вогузории як қитъа аз қаламрави Тоҷикистон ба Чинро “тӯҳфаи тоҷикӣ ба ҳамсояи шарқияш” номидааст. Ин нашрия навиштааст, ҳангоми сафари ҳайъати Тоҷикистон ба Чин болои онҳо фишор зиёд буд. Як узви ҳайъати давлатии Тоҷикистон, ки соли 2002 ҳамроҳ бо раиси ҷумҳур ба Пекин сафар кардааст, низ гуфта, ки “мавзӯъи баррасии қитъаи баҳсноки марз бо Чин дар фазои начандон одӣ баргузор гардид.”

Бо ин вуҷуд, академик Раҳим Масов, ки узви Комиссияи вогузории як қитъаи замини Тоҷикистон ба Чин буд, дар сӯҳбат ба ҳафтаномаи «Нигоҳ» гуфтааст, “давлат метавонист ин қитъаи замини худро надиҳад.” Ба гуфтаи оқои Масов, мо исбот кардем, ки чиниҳо ба замини тоҷикон ягон ҳақ надоранд. Ин ҷо ҳудуди қадимиву муқимии тоҷикҳост.”

Тоҷикистон дар марз бо Узбакистон ва Қиризистони ҳамсояаш қитъаҳои баҳсноке дорад, ки ба иддаои баъзе аз нашрияҳои чопи Душанбе, ин давлатҳои ҳамсоя низ метавонанд Тоҷикистонро ду пой дар як мӯза кунанд, то масъаларо ба нафъи онҳо ҳал кунад.

Кай аз банди фақр берун мешавем?

“Озодагон” аз коршиносон посухи ин суолро пурсидааст, ки «Оё ҳукумат тавони аз фақр халос намудани кишварро дорад?»

Зафар Абдуллоев, сардабири оҷонси хабарии «Авасто» гуфтааст, ҳукумати кунунии Тоҷикистон на танҳо имкони ҳалли ин мушкилро надорад, балки мизони фақр дар кишварро афзоиш хоҳад дод. Як коршиноси дигари тоҷик гуфтааст, "дар ҳоле ки панҷоҳ дарсади сокинон дар шароити камбизоатӣ ба сар мебаранд, раҳоӣ аз банди камбизоатӣ дар солҳои наздик ғайримумкин аст."

“Пайкон”
саргардониҳои хонаводаи Атовулло Рақибов, як сокини ноҳияи Файзободро ба баррасӣ гирифтааст, ки якуним сол боз наметавонанд ба доди худ додрасе пайдо кунанд. Мақомот дар Файзобод манзили Атовулло Рақибовро тахриб карда, бар ивази он манзили хубу мувофиқе надодааст. Ин хонавода тӯли ин муддат бесарпаноҳанд ва аз ҳама ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон кӯмак хостаанд. “Вале ҳамчунон касе ба доди ин хонавода, ки панҷ фарзанди кӯчак доранд, нарасидааст,-омадааст дар нашрия.

Обрӯи кӣ сунъӣ аст?

"Фараж" ҳарфҳои Сӯҳроб Шарифов, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегии назди раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки обрӯ ва нуфузи Ҳизби наҳзати исломиро сунъӣ номида буд, ба баҳс кашидааст.

Усмон Солеҳ, мудири шӯъбаи таблиғ ва иттилооти Ҳизби халқӣ-демократӣ, гуфтааст, "гумон намекунам, ки дар ҳолати зиёда аз 50 ҳазор аъзо доштан, обрӯю эътибори Ҳизби наҳзати исломӣ сунъӣ бошад."

Абдуҳалим Ғаффоров, раҳбари Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон ба «Фараж» гуфтааст, ки "ҲНИТ минбарҳои худро дорад ва раҳбари он низ аз шахсиятҳоест, ки андешаи худро сари ин ё он масъалаи ҷомеа баён карда метавонад."

“Ҷумҳурият”, нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон дар нашри тозаи худ суханронии раиси ҷумҳур дар ҷаласаи солонаи ҳукуматро чоп кардааст. Ин нашрия бо истифода аз суханрониҳои раиси ҷумҳур матлаберо низ таҳия карда, ин саволро гузоштааст, ки “чаро воридот аз содирот зиёд аст?”

Ин дар ҳолест, ки аксар нашрияҳои чопи Душанбе ҷаласаи солонаи ҳукуматро ҷаласаи «бе сенсатсия» номидаанд. «Бизнес и политика» навиштааст, "ҷаласаи солона бе ягон сенсатсия пушти сар шуд. Аввалин бор аст, ки нафаре аз толор берун карда нашуд ва касе нафаре ҳам дар ҷараёни ҷаласа аз вазифааш сабукдӯш нагардид."

"Тоҷик" аз куҷо пайдо шуд?

Дар саҳифаҳои ин нашри ҳафтаномаи “Миллат” идомаи сӯҳбати Бозор Собир, шоири тоҷики муқими Амрикоро мехонем, ки дар он оқои Собир аз Садриддин Айнӣ, сардафтари адабиёти муосири тоҷик, ба некӣ ёд карда, ӯро шахсияти рақами аввали сиёсиву фарҳангӣ ва таърихии тоҷикон донистааст.

“То Айнӣ мо тоҷикро намедонистем, намешинохтем. Мо худро ё мусулмон мегуфтем ё форс ва ё хуросонӣ. Калимаи тоҷикро Садриддин Айнӣ дар даҳони мо гузошт ва талқин кард, ки зери ин калима муттаҳид шавем”,-омадааст дар сӯҳбати Бозор Собир дар “Миллат”.

«Имрӯз нюс» ҳам пажӯҳиши проффесор Ҳумомро чоп кардааст, ки дар он ба суоли «Тоҷикҳо кистанд?» посух шудааст. Дар ин пажӯҳиш, ки ҳанӯз қисмати аввали он рӯйи чоп омадааст, навишта шудааст, «тоҷикҳо на танҳо яке аз нуфуси умдаи Афғонистон, балки нуфуси чандин ҷумҳурияти Осиёи Миёна ва ноҳияи Сарикӯли Санкиёнги Чинро ташкил медиҳанд.»

Аммо дар ҷои дигари ин матлаб ишора шудааст, ки «тоҷикҳо бо туркҳо омехта шудаанд, то аҷдоди узбекҳои муосирро ташкил бидиҳанд.»

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG