Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳақиқати таърих дар "Таърихи халқи тоҷик"


Абдулло Ғаффоров, таърихшинос

Абдулло Ғаффоров, таърихшинос

Муҳаққиқони Пажӯҳишгоҳи таърих ва бостоншиносии Тоҷикистон ҷилди шашуми “Таърихи халқи тоҷик”-ро ба чоп супурдаанд.

Тарҳи таҳияи ин китоби шашҷилда ҳанӯз дар солҳои 80-уми қарни гузашта баррасӣ шуда, тайи чанд соли ахир таърихшиносон ба ҷамъоварии маводу омӯзиши саҳифаҳои ҷадиди таърихи Тоҷикистон машғул буданд.

Аз таърихи бостон то замони истиқлол

Ҷилдҳои аввали ин китоб таърихи бостонии мардуми Тоҷикистонро то асрҳои гузашта ва ҷилди шашум шурӯъ аз оғози Ҷанги Дуввуми Ҷаҳонӣ то даврони ҳозираро дар бар мегирад. Навишта шудани ҷилди шашуми “Таърихи халқи тоҷик”, ба вижа даврони истиқлолият, ки таърихи ҷанги панҷсолаи шаҳрвандиро дар бар мегирад аз он ҷиҳат ҳассосу нозук будааст, ки аксари дастандаркорон, фармоишгарон ва қаҳрамонону шоҳидони ин ҳодиса бар ҳаёт буда, ба таври мухталиф ба ин ҳаводис нигоҳ мекунанд.

Барои нахустин бор аст, ки ин бахши таърихи Тоҷикистон аз ҷониби ҳайъати муҳаққиқони Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Фаҳангистони улуми Тоҷикистон навишта мешавад.
То кунун воқеаҳо, рӯйдодҳо ва пораҳои даврони расидан ба истиқлол ва ҷанги дохилии Тоҷикистон дар саҳифаҳои матбуот ва дар шакли китоб аз тарафи баъзе аз чеҳраҳои сиёсӣ навишта шудааст, вале таҳқиқи дастҷамъона сурат нагирифта буд.

“Ба шахсиятҳо кордор нашудем”

Мудири шӯъбаи таърихи навини Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Фаҳангистони улум Абдулло Ғаффоров мегӯяд, ин китоб дар оянда барои мактабҳои ҳамагонӣ ва олии кишвар ҳамчун китоби дарсӣ таълим дода хоҳад шуд.

Вай мегӯяд, “мо кӯшиш кардем, ки ба шахсиятҳо кордор нашавем, зеро ин бисёр масъалаи ҳассос аст ва ин метавонад дар ҷамъият норозигиҳоро ба вуҷуд орад. Мо маводи матбуот ва навиштаҳои мутахасисон ва баъзе афроде, ки бевосита дар ин ҳодисаҳо ширкат карданд ва баъзе аз намояндагони ҷониби ҳукумат ва собиқ мухолифин, ки дар робита ба солҳои нооромӣ хотираҳо навиштаанд, истифода кардем.”

Нооромиҳо аз куҷо шурӯъ шуд?

Роҷеъ ба сабабҳои сар задани ҷанги дохилии Тоҷикистон ва омилҳои рух додани ин ҳодиса ба таври мухталиф аз ҷониби таҳлилгарони хориҷиву дохилӣ мақолаҳо навишта шудааст. Аммо таҳлилгарон ин навиштаҳоро комил намеҳисобанд ва мегӯянд, шояд дар даҳсолаҳои баъдӣ, ҳақиқати ҷанги дохилии Тоҷикистон, бахусус, сабабҳои аслии рух додани ин муқовимат инъикос ёбад.

Абдулло Ғаффоров, мудири Шӯъбаи таърихи навини Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Фаҳангистони улуми Тоҷикистон, мегӯяд, ки “дар китоби мазкур аз омилҳои беруна ишора рафта, ҳамчунин маҳалгароӣ, таъсири мазҳаб ва ба ҳам мухолиф омадани идеологияи коммунистӣ бо дин, сабабҳои рух додани нооромӣ дар кишвар шудааст. Илова ба ин, таҷрибаи нокофии лидерони сиёсии солҳои 90 низ боис ба сар задани ҷанги дохилӣ дониста мешавад.”

Садо аз ду даст мебарояд

Масъалаи дигаре, ҳоло муҳим аст, шахспарастӣ дар таърих мебошад. Телевизиону радио, ба сурати умум, матбуоти давлатӣ, роҳи ба сулҳ расидани мардуми тоҷикро танҳо ба як нафар, раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рабт медиҳанд ва таблиғ мекунанд. Ҳоло пурсида мешавад, ки дар ҷилди шашуми китоби “Таърихи халқи тоҷик” ин зарофат чӣ гуна мулоҳиза шудааст?

Абдуло Ғаффоров мегӯяд: “Дар ҳақиқат мавқеи президент Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ба даст овардани сулҳу оштӣ хеле бузург аст. Вале маълум аст, ки қарсак аз ду даст мебарояд. Яъне агар ҷониби оппозитсия хоҳиши сулҳ кардан намедошт ва барои сулҳ талош намекард, ба даст овардани сулҳу оштӣ душвор буд. Ман фикр мекунам, ки дар ин ҷо нақши тарафҳо ва кишварҳои ҳамсоя муҳим аст.”

Ба ин тартиб, ҷилди шашум ва охирин ҷилд аз китоби “Таърихи халқи тоҷик” дар рузҳои таҷлили 20-умин солгарди истиқлоли кишвар ба дасти мардум хоҳад расид.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG