Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар марҳилаи чаҳорякниҳоии Ҷоми Осиё кӣ бозӣ мекунад?


Тамоми бозигарони даври чаҳорякниҳоии Ҷоми Осиё маълум шуданд. Ироқ, ки Куриёи Шимолиро дар гурӯҳи Ди бо ҳисоби як бар сифр шикаст дод, дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ бо Австралия рӯ бар рӯ мешавад. Эрон қаҳрамони секаратаи Ҷоми Осиё, дар ҳамин гурӯҳ, Имороти Муттаҳидаи Арабиро бо ҳисоби 3 бар 0 шикаст дод ва бо Куриёи Ҷанубӣ нерӯ меозмояд. Дар бозиҳои чаҳорякниҳоии дигар, Ҷопон бо Қатар ва Ӯрдун бо Ӯзбакистон вориди майдон мешаванд.
XS
SM
MD
LG