Пайвандҳои дастрасӣ

Иттиҳодияи Аврупо, Лукашенкоро танбеҳ медиҳад


Кетрин Эштон масъули умури сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо гуфт, дар сурати раҳо накардани тамоми боздоштшудаҳои тазоҳуроти баъди интихоботи баҳсбарангези раёсати ҷумҳури Белорус, Александр Лукашенко, аз ҳаққи сафар ба Аврупо маҳрум хоҳад шуд. Кетрин Эштон гуфт, “фурсати амал кардан расидааст”. Ӯ афзуд, вазирони умури хориҷаи кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо, рӯзи 31 январ масъалаи манъи додани раводид ба Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Белорусро баррасӣ хоҳанд кард, ки дар гузашта ҳам аз ҳаққи сафар ба кишварҳои иттиҳодия маҳрум шудааст. Пештар аз ин расонаҳои Лаҳистон гуфтанд, ки ин кишвар додани раводид ба Александр Лукашенкоро мамнӯъ хоҳад кард. Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Белорус гуфт, “фарҳанги таҳримот, тафриқаро бештар карда ва эътимодро аз байн мебарад.”
XS
SM
MD
LG