Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Обама Ҷинтаоро дар Кохи Сафед пазироӣ кард


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама имрӯз раҳбари Чин Ҳу Ҷинтаоро дар Кохи Сафед пазироӣ кард. Сафари Ҷинтао муҳимтарин боздиди раҳбари Чин аз Вошингтон дар 30 соли охир унвон мешавад. Интизор меравад, Обама ба Ҷинтао фишор биорад, то ба тақвияти юан, пули миллии Чин, роҳ кушояд. Аммо Ҷинтао гуфта, ки фикр намекунад, ки қурби юан ҳисобношуда бошад. Дар ҳошияи боздиди Ҷинтао, соҳибкорони Амрикову Чин алакай ба маблағи беш аз 8 миллиард доллар қарордод имзо кардаанд.
XS
SM
MD
LG