Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳарчанд марди таҳсилкардаву соҳибзавқам, вале одамони солим маро аз худ кам медонанду ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва инсонии маро поймол месозанд.

Танҳо гуноҳи ман ин аст, ки духтари солиму зебоеро дӯст доштаам ва ҳамин ишқи пок ба қалбу ҷони ман нуру зиё мебахшад.

Ман духтари тағобачаи модарам Зулоларо дер боз дӯст медоштам. Аввал чунин мепиндоштам, ки ишқи ман якҷониба аст ва сӯзу гудозе, ки дар ишқи Зулола доштам, ниҳон доштаву зоҳир намекардам. Вале баъдтар фаҳмидам, ки Зулола низ ошиқи ман буда, омода аст, ки ба хотири ишқ аз ҳама касу ҳама чиз гузарад ва ҳама сахтиҳоро таҳаммул кунад.

Вақте ба хонаи падари Зулола хостгор фиристодам, падараш фарёду хархаша бардошта, бо таҳқиру таҳдид хостгорҳои маро аз хонааш рондааст.
Вай ҳамчунин Зулоларо зери лату кӯби пайваста гирифта, ҳатто кор ба ҷое расид, ки ҳангоми мастӣ бо мушт ба бехи гӯшаш зада, пардаи гӯши ӯро сӯрох кард. Ин мард духтарашро маҷбур мекард, ки аз ишқи мани нобино гузараду ба никоҳи шахсе дарояд, ки дорову соҳибмансаб аст. Аммо Зулола розӣ нашуд ва рӯйирост ба падараш гуфт, ки ба ҷуз ман каси дигарро намехоҳад ва агар ӯро ба ман надиҳад, худкушӣ мекунад ва ё аз хона мегурезад.

Падари якрави ӯ аз аспи ғазабу ҷаҳолат нафаромад ва фишору шиканҷа болои Зулоларо идома дод. Ин буд,ки мо шабе бо ҳам қарор гузоштаву фирор кардем. Бе дуои падари Зулола аҳди никоҳ бастем. Ду сол аст, ки зану шавҳарем. Ҳам никоҳи шаръӣ ва ҳам давлатӣ дорем. Вале падари Зулола чуноне худаш мегӯяд, дар назди худ “принсип” гузоштааст, ки ҳатман ва бо кадом воситаву роҳе набошад, моро аз ҳам ҷудо хоҳад кард.

Мо тайи ду сол аст, ки бесарпаноҳ овораву сарсон, гоҳ дар шаҳри Душанбеву гоҳе дар ноҳияҳои вилояти Суғд аз падари Зулола паноҳ меҷӯем. Ба ҳар куҷое, ки наравем, падари Зулола моро меёбад ва кӯшиш мекунад, ки Зулоларо баргардонад ва моро аз ҳам ҷудо кунад. Ману Зулола аз тамоми дороии дунё танҳо ишқро дорем, ки дар сардиҳо ҷомаву дар гуруснагиҳо ғизоямон ва дар ноумедиҳо умедамон мебахшад. Падари Зулола дид, ки ягон тадбираш ба кор нараф, манзили меросии моро, ки аз бобоям барои модарам мондааст ва қарор буд, ки ману Зулола дар он ҷо зиндагӣ кунем, аз худ кардааст.

Вай ғайриқонунӣ ба ҳавлии мо даромада, бо хишт сари бародарам Илҳом задааст ва хонаро бо зӯр аз они худ кардааст. Аҷибаш ин аст, ки бе иҷозати модари ман, яъне шахси соҳибмулк, ғайриқонунӣ асноди хонаи моро ба номи худ гузаронидааст. Ҳукумати маҳаллӣ якуним сол ин қонушиканиро аз мо махфӣ доштааст, чунки онҳо худашон дар ин кор манфиатдор будаанд.
Магар падари Зулола метавонист бе кӯмаку ҳамдастии кормандони ҳукумати маҳаллӣ чунин амали ғайриқонуниро анҷом диҳад? То ҷое, ки медонем, падари Зулола, яъне писари тағои модарам, ҳавлии меросии ӯро бо роҳи ғайриқонунӣ гирифтаву ба кадом як масъули ҳукумати маҳаллӣ ҳадя карданӣ будааст.

Мо ба ҳукумати ноҳияи Истаравшан, шӯъбаи корҳои дохилии ноҳия ва баъдан мақомоти вилояти Суғд шикоят бурдем, то ҳақро ба ҳақдор расонанд ва пеши роҳи чунин қонушиканӣ гирифта шавад. Вале ҳайҳот, ки касе доди моро шунидан намехоҳад. Мо чанд бор ба сайти Интернетии раиси ҷумҳур низ номаи шикоятӣ навиштем, вале аз рӯйи посухҳое, ки ба ҳукумати ноҳияи Истравшан ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия ва вилоят расидааст, пайдост, ки номаҳои мо ба дасти худи раиси ҷумҳур не, балки ба дасти ёварони ӯ расидаанд.

Ману Зулола дар ҷустуҷӯи ҳақиқат ва гурез аз дасти падари ӯ, сахтиҳову шиканҷаҳоеро таҳаммул кардем, ки Худо ба душмани кас нишон надиҳад. Дар фасли сармо бе ягон либоси гарм ва шиками гурусна мани оҷиз ва Зулоли азизи ман аз як иҷора ба иҷораи дигар, аз як макон ба макони дигар меравем. Як шаб ин ҷову шаби дуввумро дар ҷойи дигар рӯз мекунем. Ман нобинову Зулолаи азизам асокаш. Вале вақте ҷое қарор мегирем, аз будани якдигар ва дар канори ҳам буданамон гиребони шукрона ба даст мегирем. Шодиҳои андаки умрамон, лаҳзаҳои ширини зиндагиамонро бо ҳам дар миён гузоштаву механдему мегирйем ва ба умеди рузи дигар ва ояндаи рушантаре зиндагӣ мекунем.

Дар ин ҷодаи сахту пургиреҳи ишқу зиндагиамон ману Зулола ҷуфтҳоеро низ зиёд вохӯрдем, ки зери як бом бархӯрдор аз тамоми шароити мувофиқ, умр ба сар мебаранд, аммо қалбҳояшон аз ҳам дуранд. Ба ҳам ҳарфи муҳаббат мегӯянд, вале ҳамдигарро мефиребанду хиёнат мекунанд. Онҳо мову ишқамонро дида мегӯянд: “ба шумо ва ишқи зебои шумо ҳасад мебарем. Воқеан, шумо хушбахтед, ки ишқи самимиву пок доред.”

Шояд дар миёни онҳое, ки ҳолномаи маро мехонанд,нафароне низ пайдо шаванд, ки суол кунанд: “Бадбахтиву маъюбии худат кам набуд, ки як духтарро шарики толеъи сахтат кардӣ ва боз мехоҳӣ кӯдакони нобино ба дунё оварда ғами ҷони худу Зулола созӣ?”

Нахуст бояд бигӯям, ки нобиноии ман ирсӣ ё модарзодӣ нест ва табибони касбӣ хулоса кардаанд, ки ин маризии ман ба кӯдаконам намегузарад.
Дигар ин ки ҳаргиз кӯшиш накардаам, ки ишқамро ба Зулола бор ё таҳмил кунам. Зулола бо хоҳишу иродаи худ ишқи маро пазируфтааст ва боре ҳам аз ин интихобу ин ишқи овораву пурмоҷаро хаставу дилгир нашудааст.
Мо ки алорағми ҳама монеаҳо ба ҳам омадем, шукргузорем аз Худо барои чунин як ҳадя ва неъмати бузург, ки ишқ ном дорад.

Аммо ҳайронем, намедонем бо носозгориҳои ҷомеа, ришвату фасод, истифода аз мақому мансаб, поймолшавии қонуну ҳуқуқи инсонҳои оддӣ, ки зиндагии мову садҳои дигарро ногувор кардааст, чӣ бояд кунем?

Исҳоқ Каримов, нобино, сокини шаҳри Истаравшани вилояти Суғд, подшоҳу овораи ишқ.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG